Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Болоравии арзиши роҳкирои мусофиркаш дар пойтахт ба афзоиши назарраси қимати  маҳсулот дар бозорҳо мусоидат хоҳад кард, - иброз дошт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Шодӣ Шабдолов.

Ба қавли ӯ, бо назардошти афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, мақомоти шаҳрдориро мебояд ҷиҳати бо маблағ дастгирӣ намудани нақлиёти мусофирбари шаҳрӣ чораҳо андешид, то ки оқибатҳои он ба андозае сабуктар гардад. «Бо назардошти он, ки қисми зиёди ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти хусусӣ амалӣ мегардад, бо мушкилот ва оқибатҳои болоравии арзиши роҳкиро бояд ҳукумати кишвар машғул бошад, зеро мақомоти маҳаллӣ аз ӯҳдаи он намебароянд», - гуфт вай.

Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки барои коҳиши хароҷоти сокинони шаҳри Душанбе барои нақлиёт мебояд дар бораи ҷудо кардани ҷубронпулиҳои иловагӣ аз ҷониби корфармоҳо андеша намуд. «Ба ҳар ҳол, ин масъаларо ба ҳоли худ гузоштан нашояд, зеро ҳукумат музди меҳнатро дар як сол ба андозаи 30% зиёд мекунаду, нархҳо ба андозаи 40-50% боло мераванд», - афзуд номбурда.

Ёдрас екунем, ки дар робита ба афзоиши қимати маводи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ мақомоти шаҳрдории Душанбе тасмим гирифт, ки шурӯъ аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши роҳкирои нақлиёти мусофирбарро зиёд кунад.