Дар заминаи коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон ба роҳ монда мешавад.
Чанде қабл Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ба татбиқи лоиҳа оид ба такмили истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон дар заминаи коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш ва таъмири мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор барои кӯдакони дорои имконоти маҳдуд шурӯъ кард. Ҳукумати Ҷопон баҳри амалисозии ин лоиҳа 559,3 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо кард.
Да маросими баимзорасии лоиҳа миёни сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ҳамоҳангсози ассотсиатсияи зикршуда Йошио Накагави изҳор кард, ки лоиҳаи мазкур баҳри бештар мустақил будани шахсони дорои имконоти маҳдуд амалӣ мегардад.
Ба гуфтаи вай, дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳи «Дилшод»-и ноҳияи Вахш таҷдид ва бо таҷҳизоту дастгоҳи муосири истеҳсоли аробачаҳо барои маъюбон муҷаҳҳаз гардида, ҳамчунин барои коргоҳ генераторҳои барқӣ, дастгоҳҳои кафшергариву ҳарротӣ харида мешаванд.
«Тамоми лавозимоти зикршударо харида, ба коргоҳ медиҳем. Бояд гуфт, ки 70%-и коргарони ин коргоҳ ашхоси дорои имконоти маҳдуд мебошанд. Ҳамчунин барои омӯзиши тарзи кор бо дастгоҳу таҷҳизот ба коргоҳ мутахассиси ҷопонӣ даъват карда мешавад», - гуфт ҳамоҳангсози лоиҳа.
Бино ба маълумоти ӯ, дар муддати як соле, ки лоиҳа амалӣ мегардад, дар коргоҳ беш аз 100 адад аробачаҳо барои маъюбон истеҳсол карда мешаванд ва минбаъд коргарон мустақилона ба кор хоҳанд пардохт.
Дар мактаб-интернати ноҳияи Ҳисор, ки аз замони ба истифода доданаш дар соли 1983 то ҳанӯз рӯйи таъмирро надида буд, Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон боми бино ва гармхонаро навсозӣ менамояд. Гармхонаи навсохта ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат барои тамоми муддати сол парвариш кардани сабзавоту мева имкон фароҳам меоварад.
«Бо аробачаҳо барои маъюбони истеҳсоли коргоҳи «Дилшод» тарбиятгирандагони мӯҳтоҷи мактаб-интернати Ҳисор низ таъмин карда хоҳанд шуд, зеро феълан аз як аробачаи маъюбӣ чанд нафар бонавбат истифода мекунанд. Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон умедвор аст, ки аз робита миёни ду ҷанбаи лоиҳа манфиати зиёд ҳосил хоҳад шуд», - афзуд Йошио Накагави.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста