Маълумоти бардурӯғ дар бораи ҳалокати 17 нафар шаҳрвандони тоҷик бар асари сӯхтор дар бозори масолеҳи сохтмони Качаловои шаҳри Маскав то ҳанӯз дар фазои иттилоотии Русия «сайр» дорад, - иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» роҳбари медиахолдинги тоҷикии Tajinfo Муҳаммади Эгамзод.
Номбурда мегӯяд, аз он дар тааҷҷуб аст, ки чаро ВАО-и Русия хулоса баровардаанд, ки ҳамаи ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
«Шояд ин ҷо гап сари он бошад, ки субҳи рӯзи 3-юми апрел ба ҷойи ҳодиса нахуст кормандони сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ҳозир шуда, бо кормандони мақомоти тафтишот ҳамкорӣ доштанд ва рӯзноманигорони руси дар он ҷо ҳузурдошта аз ин ба чунин хулосае расидаанд, ки ҳалокшудагон ҳама тоҷиконанд?», - суол медиҳад ӯ ва илова мекунад, ки баъдтар маълум шуд, ки ҳалокшудагон асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон будаанд.
Ба қавли Эгамзод, дирӯз, 5-уми апрел, корманди масъули хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия Мавҷуда Яъқубова дар ҳузури ӯ бо сардори гурӯҳи тафтишотии машғул ба таҳқиқи қазияи мазкур дар тамос шуда, аз он ҷониб тасдиқ шудааст, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
«Айни замон шахсияти 11 нафар ҳалокшудагон муайян гардида, ҷиҳати муайян кардани шахсияти ҷасадҳои боқимонда чораҳо андешида мешаванд», - иброз дошт вай.
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва забони ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ
Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад
Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст
Чин ба сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад
Дар радабандии рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон каме беҳтар шуданд
Раиси дастгоҳи Иброҳим Раисӣ ҷузъиёти суқути чархболро шарҳ дод
Тайи 1 шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста