Дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов бо раиси Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнии Эрон Ҳусейн Анворӣ баргузор шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти бозомӯзии кадрҳо, омӯзиши аҳолии ҷумҳурӣ ба касбҳои нав, роҳандозии тиҷорат, таъмини қишри ниёзманди аҳолии ҷумҳурӣ бо доруворӣ ва  расонидани кӯмаки ғизоӣ ба онҳо баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо аз фаъолияти пурсамари 17-солаи кумита дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки танҳо дар соли равон Кумитаи байнулмилалии имдоди Имом Хумайнӣ ба 630 оилаи эҳтиёҷманди Тоҷикистон бо маводи доруворӣ, маблағи пулӣ, масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ кӯмак кардааст.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз соли 2007 Кумитаи имдод дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Хоруғ, Хуҷанд ва ноҳияҳои Рашту Нуробод марказҳои омӯзиши касб барои занон ифтитоҳ намудааст, ки айни замон муваффақона фаъолият доранд.