Бо ташаббуси Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ, Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҲҶТ, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), Иттифоқи касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар ш. Маскав ва Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар мавзӯи: «Муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти он» байни хонандагони синфҳои болоии мактаби таҳсилоти умумии №49 -и шаҳри Душанбе мизи мудаввар доир гардид.

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мизи мудаввар сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират А. Қодирӣ, муовини сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе  Эшбоев А., намояндаи Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ)  Авезов У., намояндаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатӣ Федератсияи Россия дар шаҳри Масква Азизов Ҷ. ва намояндаи Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сӯҳбат бо мактаббачагон нахуст сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ А.Қодирӣ дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодии имрӯзаи кишвар, гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, шуғли аҳолӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатии дохилию хориҷӣ, таъсиси Хадамоти муҳоҷират, вазифаҳо ва ваколатҳои он, танзим раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷалби муташаккилона, омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз қабили забони русӣ, англисӣ, немисию арабӣ ва таълими касбии онҳо сӯҳбат намуд.

Дар навбати худ намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Авезов Улуғбек дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ, қонуну қарорҳои кишвари қабулкунанда ва фаъолиятҳои Созмони Байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Федератсияи Россия маълумоти муфассал дода, китобчаҳои роҳнамои муҳоҷирон диск ва бархе аз маводҳое, ки доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ таҳия шудаанд, ба мактаббачагон супорида шуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат бо мактаббачагон,  намояндаи Иттифоқҳои касабаи муҳоҷирони меҳнатии Федератсияи Россия дар шаҳри Масква  Азизов Ҷонибек доир ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия, мушкилот ва праблемаҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози андеша намуд.

Дар анҷоми мулоқот оид ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши муҳоҷирон, қонуну қарорҳо, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар, одобу русум ва фарҳанги кишвари қабулкунанда гуфтугӯҳои судманд сурат гирифт.

Лозим ба ёдоварист, ки дар мизи мудаввар наздики 200 нафар аз талабагон иштирок доштанд.