Бори аввал дар Маркази ҷарроҳии дилу раги вилояти Суғд дар муддати кӯтоҳ се клапани қалби бемор бо узвҳои сунъӣ иваз карда шуд.

Тавре ба Хабаргузории «Азия-Плюс» табиб ва мутахассиси бемориҳои дил Кишоварз Мелибоев хабар дод, ин амалити ҷарроҳии беназирро дар дили сокини 44-солаи ноҳияи Ҷабор Расулов доктори илмҳои тибб Обид Ҳамидов гузаронидааст.

Ба гуфтаи ӯ, бори аввал аз чаҳор се клапани дили бемор ба узви сунъӣ иваз карда шуд, ки дутояш механикӣ ва яктояш биологианд.

«Рӯзи баъдӣ, пас аз амалиёти ҷарроҳӣ, бемор гуфт, ки гӯё аз нав тавлид шудааст ва худро хеле хуб ҳис мекунад»,-иброз дошт Мелибоев. Мавсуф таъкид кард, ки бемор пайваста таҳти назорати табибон қарор хоҳад гирифт.

«Дар маркази мазкур ҳамарӯза амалиёти ҷарроҳӣ, ки дар он иллатҳои гуногуни қалб бартараф карда мешаванд, анҷом меёбанд, лекин қаблан дар Тоҷикистон се клапани дил бо узвҳои сунъӣ иваз карда нашудаанд»,-гуфт ӯ.