Зимни нишасти хабарии чанде қабл бо аҳли ҷомеа раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Абдуалим Исмоилов ҷудо кардани қитъаи замин ба ҳамаи 186 имомхатиби ноҳия барои таъсиси хоҷагии деҳқониро ваъда кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз бахши ҲХДТ дар ноҳияи мазкур хабар доданд, ин ташаббуси раиси ноҳия ба он равона гардидааст, ки имомхатибони ноҳияи Бохтар барои таъминоти рӯзгори оилаашон бо меҳнати худ имкон пайдо намоянд.

«Дар мулоқоти раиси ноҳия бо аҳли ҷомеа, ки дар он ҳамаи 186 нафар имомхатибони масҷидҳои расман дар қаламрави ноҳия сабтиномшуда низ ширкат варзиданд, нуктаҳои асосии суханронии сарвари давлат, раиси ҲХДТ дар вохӯрӣ бо аҳли ҷомеаи кишвар рӯзи 4-уми июли соли равон мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифтанд», - гуфт манбаъ.