Дар як барномаи телевизионӣ сокинони ноҳияи Мӯъминобод аз он шикоят карданд, ки онҳоро бидуни огаҳӣ ба сафи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистион шомил кардаанд. Ин изҳорот зимни вохӯрии аҳли ҷомеа бо раҳбарияти ноҳия садо дода, дар шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд.

«Дар ҷамоати мо беш аз 36 нафар иқомат дошта, ҳамаи онҳоро ба ҲНИТ номнавис кардаанд. Мо дар ин бора ҳатто чизе ҳам намедонем, - гуфт яке аз шахсони пиронсол зимни суханрониаш. – Онҳо (ҲНИТ – тавзеҳи ОИ «Азия-Плюс») барои ин бояд ҷавоб гӯянд. Ин чӣ гап аст: шахсро бидуни хоҳишаш ба сафи ҳизби худ шомил кардан?».

Дар ин хусус боз як шахс суханронӣ карда, иброз дошт, ки бидуни огаҳӣ ва хоҳишаш ӯ ҳам узви ҲНИТ шудааст.

Қариб тамоми шахсоне, ки изҳори андеша карданд, аз ҷумла имомхатибони маҳаллӣ низ ҲНИТ-ро мавриди интиқод қарор доданд.

«Шумо ҳизби шайтон, ҳизби Иблис мебошед. Ҳизби исломӣ танҳо ҳизби Худованд аст, ки дар Қуръон Ҳизбуллоҳ номида мешавад», - гуфт шахси пиронсоли дигар, ки бо кафкӯбиҳо аз ҷониби аҳли толор дастгирӣ шуд. – Корҳои Ҷаноби Олӣ бошад, хеле хуб аст. Барои мо муттаҳидшавӣ атрофи президент зарур ва ҳатмӣ аст».

Сокини дигари ноҳия пешниҳод намуд, ки «ҲНИТ аз ислом ҷудо карда шавад», ки ин пешниҳод ҳам бо кафкӯбиҳо истиқбол шуд.

«Агар маро гӯш доданӣ бошед, ин ҳизбро аз ислом ҷудо намоед. Агар ин ҳизб судманд мебуд, ба афроди қаблан ҷонибдораш нафъ меовард, ки ба амалҳои зиёде даст задаанд. Имрӯз онҳо омада, тавба мекунанд», - гуфт ӯ.

Мавриди зикр аст, ки ба вохӯрии аҳли ҷомеаи ноҳияи Мӯъминобод бо раҳбарияти ноҳия шабакаҳои давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Нахуст онро дар барномаҳои иттилоотӣ таблиғу ташвиқ намуда, сипас дар соати барои тамошо мусоиди 20:00-и рӯзи 28-уми июл ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар ҳамин ҳол, узви Шӯрои олии ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки барномаи телевизионии аз ноҳияи Мӯъминобод таҳияшуда ба хотири бадному беобрӯ кардани ҲНИТ равона шудааст.

«Мо ҳеҷ касеро бидуни хоҳишаш ба аъзогии ҲНИТ номнавис накардаем. Мақсади ин барнома аз он иборат аст, ки гӯё мо аъзогӣ ба ҳизби худро ба гардани сокинони шаҳру навоҳӣ бор мекунем ва онҳо дар навбати худ ба ҳукуматдорони маҳаллӣ муроҷиат мекунанд. Ҳамаи ин амалҳо махсус роҳандозӣ мешаванд», - зикр кард Сайфуллозода.

Дар ҳамин ҳол ӯ илова намуд, ки ҳукуматдорони расмӣ қаблан низ бо сабабҳои гуногун аъзои ҲНИТ-ро бо таҳдиди  маҳрум шудан аз ҷойи кору қитъаи замини иҷора ба хориҷ шудан аз сафҳои ҳизб маҷбур карда буданд.