Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба кӯчонидани як қатор биноҳои наздик ба майдони асосии «Дӯстӣ»-и пойтахт қарор ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, ба рӯйхати биноҳое, ки дар доираи амалисозии Нақшаи генералии шаҳр бояд кӯчонида шаванд, биноҳои осорхонаи Ҳунарманди мардумӣ Гурминҷ Завқибеков, суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, прокуратураи пойтахт шомиланд.

«Ғайр аз ин, боз 29 адад биноҳои истиқомативу таъиноти тиҷоративу иҷтимоии воқеъ дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Пушкин ва Руставели низ кӯчонида мешаванд», - гуфт як манбаъ дар мақомоти шаҳрдории пойтахт.

Дар ҳамин ҳол, зимни амалисозии Нақшаи генералӣ чор бинои воқеъ дар маркази шаҳр, ки мероси фарҳангиву таърихӣ маҳсуб меёбанд, кӯчонида намешаванд. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, биноҳои кохи президент, парлумон, Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва бинои Театри академии драмавии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба феҳристи мероси таърихии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси пойтат чандин маротиба изҳор кард, ки ҳамаи ҳуқуқҳои моликони биноҳои мавриди кӯчонидан қароргирифта комилан ҳифз шуда, бо салоҳдиди худ онҳо метавонанд аз рӯйи нархи бозор маблағи пулии онро гиранд ё манзили баробарқимат ба он дар пойтахтро соҳиб шаванд.