Шӯрои роҳбарони Бонки ҷаҳонӣ имрӯз маблағи грантиро дар ҳаҷми 19,8 миллион долл.ИМА барои Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани солимии модар ва кӯдак аз ҳисоби вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти Тоҷикистон равона шудааст, ба тасвиб расонид.

Дар иттилоияи интишоршуда намояндаги Бонки ҷаҳонӣ дар ҶИ зикр мегардад, ки лоиҳаи нав дар доираи гранти иборат аз 15 миллион долл. ИМА, ки аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмиллаии рушд (АБР) ва 4,8 миллион долл. ИМА аз ҳисоби Фонди мақсадноки мултидонорӣ оид ба таҷдиди натиҷаҳои саломатӣ пешниҳод шудааст, маблағгузорӣ мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи иловагиро дар ҳаҷми 3,20 миллион долл. ИМА ба лоиҳа ҷудо намуд.

Лоиҳа ба беҳсозии натиҷаҳои хизматрасонии кӯмаки аввалии тиббӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Суғд тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин равона шудааст: 1) таҷриба намудани истифодаи омилҳое, ки ба натиҷаи фаъолият дар муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ асос ёфтаанд, 2) омӯзонидани духтурон ва ҳамширагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ, 3) барқаросозӣ ва таҷдиди иншооти алоҳидаи кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ ва таъмин намудани таҷҳизоти асосии тиббӣ ва, 4) баланд бардоштани иқтидор дар сатҳи марказӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ бо мақсади идоракунӣ ва татбиқи нақшаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳои фаъолият.

Лоиҳаи пешниҳодшуда дар ҳашт ноҳияи Тоҷикистон бо фарогирии 1 млн. 860 ҳазор нафар, ки тақрибан 25 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳад, амалӣ хоҳад шуд.

«Мардуми Тоҷикистон мунтазам нигаронии худро оид ба дастрасӣ ва сифати кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ иброз менамоянд. Дар баробари ҳамкорӣ бо ҳукумат ва шаҳрвандони манфиатдор, лоиҳа ба ҳалли мушкилоти мазкур бо истифода аз равишҳои санҷида, ҷадид баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии пешниҳодкунандагони кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ равона шудааст, - иброз доштааст дар ин робита Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.  - Бо бештар самаранок гардонидани фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар хизматрасонӣ ба аҳолӣ, аз он ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст, мо баҳри таъмини солимии оила ва некӯаҳволии он дар оянда талош меварзем».

Ба ҳолати моҳи июни соли 2013, сандуқи фаъоли Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 14 лоиҳа бо маблағи умумии $232.6 миллион доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарин ба соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), баъдан таъмини об ва беҳдошт (15%), рушди инсон (14%), энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) рост меояд.