Анонс

- Дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар Душанбе таҳти унвони «Дурнамои ҷаҳони ислом: демократия ё бозгашт ба авторитаризм» мизи гирд барпо мешавад. Оғоз соати 10:00;

- Дар Кӯли ҷавонони пойтахт Ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кории холи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Дар назди муҷассаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Нерӯҳои десанти ҳавоӣ вохӯрии собиқадорони Нерӯҳои десанти ҳавоии Тоҷикистон баргузор мешавад. Оғоз соати 08:00;

- Дар Гӯшаи Амрикои воқеъ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ба муносибати оғози фаъолият конфронси матбуотии ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони ташаббускори Тоҷикистон» доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Намояндагии Пажӯҳишгоҳи инъикоси ҷанг ва сулҳи Британия дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои журналистони тоҷик таҳти унвони «ВАО ва интихоботи президентӣ» тренинги серӯза баргузор мекунад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА -  4.7681 сомонӣ;

1 евро - 6.123 2 сомонӣ;

1 рубли русиягӣ - 0.1486 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1930 – Дар тамринҳои низомии ҳавзаи ҳарбии Маскав бори нахуст десанти ҳавоӣ фуруд омад.

1853 – Зодрӯзи шарқшиноси рус, муҳаққиқи Осиёи Миёна Иля Пославский.

1907-1999 – Мавлуди актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Абдулхайр Қосимов.

1944 – Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова.

1950 – Мавлуди доктори улуми иқтисодӣ Абдуғаффор Рауфӣ.

1954 – Зодрӯзи Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Раёсати Ассотсиатсияи тиҷорати хурду миёнаи ҶТ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +23+28, рӯзона +36+41, дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +31+36.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +20+25, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +23+28.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +17+22, рӯзона +32+37.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +18+23, рӯзона +29+34;  дар шарқи вилоят шабона +6+11, рӯзона +19+24.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +23+25, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +22+24, рӯзона +38+40.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +32+34.