Рӯзи 23-юми сентябри соли равон гузориши нави Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) дар бораи арзёбии ахири шумори кӯдакони коргар дар саросари ҷаҳон пешниҳод мегардад.
Бино ба иттилои Маркази иттилооти СММ, дар гузориш таҳти унвони «Арзёбии пешравӣ дар мубориза бо меҳнати кӯдакон – маълумоти глобалии арзёбӣ ва тамоилҳо дар солҳои 2000-2012» маълумоти тозатарин дар бораи паҳн гардидани меҳнати кӯдакон ва натиҷаҳои кӯшишҳои байнулмилалӣ дар самти аз байн бурдани он дарҷ ёфтаанд.
Шурӯъ аз соли 2000-ум, СБМ сатҳи коҳиши миқёси истифодаи меҳнати кӯдаконро пайгирӣ дошта, суръати дилхоҳи ин коҳишро муайян мекунад. Дар гузориши тоза бо назардошти ҳадафҳои гузоштаи СБМ оид ба аз байн бурдани шаклҳои бадтарини истифодаи меҳнати кӯдакон то соли 2016, ҳамчунин вазъ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, мувофиқи гузориши СБМ барои соли 2012, дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор нафар кӯдакон дар кӯчаву хиёбонҳо, аслан дар шаҳрҳо машғули коранд. Беш аз 80%-и кӯдакони машғули кор дар кӯчаву хиёбонҳо дар шаҳри Душанбе мутамарказанд. Имрӯз дар Тоҷикистион танҳо 7%-и ҳосили пахта бо истифода аз меҳнати кӯдакон ҷамъоварӣ карда мешавад.
Аз Сайидиброҳим Раисӣ то Рамон дел Ферро. Президентҳое, ки дар садамаи ҳавоӣ ҷон бохтаанд
Рӯзи 3 юми июн сафкашии сайёраҳоро метавон мушоҳида кард. Ин чист ва онро чӣ гунаву дар куҷо метавон дид?
Размикорони тоҷики ММА Наимов ва Ғафуров 22 июн ба октагони UFC FIGHT NIGHT мебароянд
"Душман"-и Ғарбу ходими содиқи низом: Ҳусейн Амирабдуллоҳиён кӣ буд?
Стратегҳои тоҷик ҳарчи бештар истеҳсоли нони худиро тавсия медиҳанд
“Осори тир нест”. Мақомоти Эрон натиҷаи аввалияи таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисиро эълон кард
Вазорати дифоъ: Нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 дарсад иҷро шуд
Чаро Самандар Муродов дар UFC муҳориба намекунад?
Таваллуди зиёд – баҳонае барои рӯйпӯш кардани мушкил? Чаро дар Суғд нақшаи бунёди кӯдакистон иҷро нашуд?
Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ. Аввалин Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Тоҷикистон чӣ гуна баргузор мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста