Нашриёти «Дониш» оид ба фаъолият ва ҳаёти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншо Шотемур таҳти унвони «Шириншо Шотемур в истории возрождения таджикской государственности» китоби нав ба табъ расонид, ки муаллифаш журналист ва муҳаққиқи тоҷик Қурбон Аламшоев мебошад.

Директори нашриёти «Дониш» Усмон Юсуфов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки китоб ба муносибати 115-солагии Шириншо Шотемур, ки соли 2014 таҷлил мегардад, ба чоп расида, дар он ҳаёт ва фаъолияти сиёсиву иҷтимоии ӯ ба риштаи таҳлили амиқ кашида шудааст.

Ба андешаи доктори улуми таърих Ҳайдаршо Пирумшоев, дар китоби Аламшоев бори нахуст хизматҳои таърихии арбоби миллӣ, сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон Шириншо Шотемур комилан аз нигоҳи илмӣ арзёбӣ гардидаанд.

Ба қавли ӯ, дар асар саҳми Ш.Шотемур дар таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон ва табдили он ба ҷумҳурии мустақил (солҳои 1924-1929), фаъолияти сиёсиву маъмурии ӯ дар солҳои 30-юми асри гузашта тасвир гардида, нақши ӯ дар эҳёи давлатдории тоҷикон возеҳ мегардад.

«Муаллиф кӯшидааст, ки тамоми паҳлӯҳои бузургмиқёс ва гуногунҷанбаи фаъолияти Шириншо Шотемурро, ки баҳри амалисозии дигаргуниҳои калидӣ дар Тоҷикистолни Шӯравӣ тӯли солҳои 20-30-юми қарни гузашта равона гардида буданд, ба хонанда пешкаш намояд», - мегӯяд профессор Пирумшоев.