Ҳукумати Русия дароз кардани муҳлати будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русияро маъқул шуморид.

Дар ин робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад. Супориши ҳукумат дар интернет-портали расмии иттилотти ҳуқуқӣ ба нашр расидааст.

Лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Ёддошт миёни Тоҷикистону Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикисон ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.

Дар ёддошт аз ҷумла мувофиқи мақсад будани таҳия ва имзои қарордоди байнулмилалӣ, ки дар он ба шаҳрванди Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар қаламрави Русия ба муҳлати то се сол иҷозат дода мешавад, зикр гардида буд.

Ҳамин тариқ, дар протокол ба шаҳрванди Тоҷикистон имкони гирифтани иҷозати кор ба муҳлати қарордоди меҳнатӣ ё шаҳрвандӣ-ҳуқуқии бастааш барои иҷрои кор ба муҳлати на бештар аз се сол дарҷ ёфтааст.

Ғайр аз ин, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ба лоиҳаи протокол муқаррарот дар бораи тамдиди муҳлати будубоши муваққатии корманд дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати амали иҷозатнома барои кор бидуни хориҷ шудан аз қаламрави ин кишвар илова гардидааст.