Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Вазорати мудофиа иҷозат дод, ки ҳамарӯза то 16-уми ноябр аз соати 20 то 24 дар майдони «Дӯстӣ» машқҳои гузашти низомӣ ба муносибати маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби Тоҷикистонро баргузор кунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ дод, дар ин робита аз раҳбарияти Вазорати мудофиа риояи қоидаҳои вазъи санитарӣ-эпидемиологӣ, таъмини тартибот ва интизоми ҳарбӣ талаб карда шудааст.

«Зимни машқҳои гузашти низомӣ кормандони раёсатҳои корҳои дохилии пойтахт ва мақомоти амнияти миллӣ ҳаракати нақлиёт ва раҳгузаронро тариқи қаламрави майдони «Дӯстӣ» маҳдуд мекунанд», - иброз дошт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки баъди маросими савгандёдкунии сарвари давлат дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт бо иштироки беш аз 7 ҳазор афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузашти низомӣ доир мегардад.

То гузашти низомӣ маросими савгандёдкунии хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, сарбозон ва афсарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба садоқат ба президенти тозаинтихоб баргузор мешавад.

Ба гузашти низомӣ сардори гарнизони Душанбе, фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Латиф Файзиев фармондеҳӣ карда, гузаштро вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Хайруллоев қабул хоҳад намуд.