Ду рӯзи наздик обуҳаво дар қаламрави Тоҷикистон сарду сербориш мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Муассисаи давлатии обуҳавошиносии ҶТ хабар доданд, имрӯз поинравии ҳарорат дар назар буда, нимаи дуюми рӯз дар чанде аз манотиқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла пойтахти кишвар борон меборад.

Рӯзи чоршанбе, 20-уми ноябр суръати вазиши шамол аз самти ғарб то 15-20 метр дар як сония афзуда, ҳарорат 11-13 дараҷа поин меравад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва навоҳии тобеи марказ, аз ҷумла Варзоб ва шаҳри Душанбе боронгарӣ шуда, ба барфи тар мубаддал мегардад.

Имрӯз дар пойтахти ҷумҳурӣ ҳарорат 17-19 дараҷа гарм шуда, пагоҳ, 20-уми ноябр ҳарорат ҳамагӣ 6-8 дараҷа гарм ва шабона 0-2 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, ин гуна ҳарорат дер боқӣ намемонад. Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 21-уми ноябр боришот қатъ гардида, баъзан туман мефарояд, аммо аз болоравии назарраси ҳарорат интизорӣ намеравад.