Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 27 нафар соҳибмулкони манзилҳо дар маркази шаҳрро, ки тибқи Нақшаи генералӣ манзилҳояшон кӯчонида мешаванд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт ба соҳибмулкони манзилҳо шарҳ дод, ки онҳо ба гирифтани ҷуброни арзиши бозории амвол ё худ квартираҳои баробарарзиш ҳуқуқ доранд.

«Зимни суҳбати ошкоро ва самимона сокинон аз мавқеъ ва мароми шаҳрдорӣ оид ба ободонии шаҳр ҷонибдорӣ карда, аз пешниҳодоти Раиси шаҳр: то анҷоми сохтмони иншооти пешбинигардида кӯчидан ба квартираҳои моликияти коммуналӣ бе пардохти музди иҷораи  истифодаи  он бо пардохтҳои ҳатмии коммуналӣ ва ҳангоми ба итмом расидани сохтмони биноҳои баландошёнаи 12-14 ва 16 ошёна дар маркази шаҳр бо квартираҳои баробарарзиш таъмин гардидан, ҷонибдорӣ намуданд», - гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти тафоҳумоти ба миёномада, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки заминаҳои ҳуқуқии ин тафоҳумот тариқи нотариалӣ ва бо қарорҳои раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шаванд.