Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бо қарори махсус ташаббуси директори ҶС «Ғайрат» Нуралӣ Ҳасанов дар бораи муқаррар кардани 30 стипендияи ҳармоҳа барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб ва яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Мӯъминободро тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи ҳоҷӣ Нуралӣ Ҳасанов хабар дод, ҳаҷми стипендия 50 сомонӣ буда, дар мувофиқа бо раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятим, имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва ҳамчунин фарзандон аз оилаҳои камбизоат пардохта мешавад.

Аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин иттилоъ доданд, ки Нуралӣ Ҳасанов яке аз шахсонест, ки дар кори саҳм гузоштан ба иқдомҳои хайру эҳсон дар Кӯлоб фаъолона ширкат меварзад. «Ӯ ҳамеша дар кӯмак ба собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, ташкили маросимҳои дастаҷамъонаи тӯйи арӯсиву хатнасурҳо барои фарзандони қишри осебпазири аҳолӣ ва дигар амалҳои хайрия саҳмгузор аст», - гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.