Вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз бидуни баррасӣ якдилона Созишномаи иловагии қарзӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (БИР) оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Душанбе»-ро тасдиқ намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Нуралиев зикр кард, ки дар замимаи иловагӣ ба созишнома амалисозии марҳилаи чоруми лоиҳа пешбинӣ шудааст.

«Маблағи лоиҳа 2,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, қарзи Бонки исломии рушд бо 2,5%-солона ба 2,1 млн. доллари ИМА баробар аст. Муҳлати пардохти қарз 25 сол аст. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 300 ҳазор доллари ИМА ба лоиҳа саҳмгузорӣ мекунад», - иброз дошт Нуралиев.

Ба гуфтаи муовини аввали вазири молия, айни замон дар бахши таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ 9 лоиҳа ба маблағи умумии 124 млн. доллари ИМА дар ҷумҳурӣ мавриди амалисозӣ қарор дорад.