Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки зимни гузоштан ва зебу орои арчаи солинавӣ ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя намоянд.

Дар тавсияҳои ВКД аз ҷумла зикр мегардад, ки арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

«Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали пашмин нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт», - баён мегардад дар тавсияҳои вазорат.

Гуфта мешавад, дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, Иди арчаро мебояд танҳо рӯзона гузаронид.

Вазорат дастур медиҳад, ки арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим буда, онро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст. Ҳамчунин атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст.

Мутобиқи тавсияҳои ВКД, кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст.