Муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Хадамоти муҳоҷират рӯз то рӯз афзуда истодааст.

Тавре Мудири Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Дастгоҳи марказӣ Дустмурод Умбаров иброз дошт, баъди пахши видео-ролики телевизионӣ дар шабакаҳои саросари кишвар оид ба тағйиру иловаҳои қонунгузории Федератсияи Россия ва дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию иттилоърасонӣ, муроҷиати шаҳрвандон ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе зиёд гардидааст. Агар дар давоми соли 2012 ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират танҳо 547 нафар бо дархост муроҷиат карда бошанд, пас дар давоми соли ҷорӣ шумораи муроҷиаткунандагон барои гирифтани маслиҳатҳои муфид 15 ҳазору 480 нафарро ташкил дод (дар муқоиса -14ҳазору 933 нафар, яъне 38 маротиба зиёд мебошад) ва ин шаҳодати он мебошад, ки шаҳрвандон ба кӯмаку дастгирӣ ва маслиҳати кормандони Бахш ниёз доранд. Лекин, корҳои ба сомонрасонида қаноатбахш набуда, мебоист корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии мамлакат ва муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд доимӣ бошад ва барои амалӣ намудани он бояд сохторҳои Бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣташкил карда шавад.

Бо дарназардошти он, ки садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Россия муайян карда шудаанд ва қисми зиёди онҳо аз системаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия бехабаранд. Ҳамзамон, кормандони Бахш руйхати беруншудагони шаҳрвандони кишварамон дар маҳзанаи иттилоотии Хадамоти Федералии муҳоҷирати Россия (ФМС ФР) ному насабашон ҳар рӯзае, ки онҳо ворид мешаванд, мавҷуд мебошад, бо тариқи шабакаи интернет-онлайн ба роҳ мондааст.

Инчунин, дар Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират тавассути мақомотҳои дахлдори Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон махзани маълумоти мамнӯъшудагон ба ҳолати 1 октябри соли 2013 вуҷуд дорад, ки он зиёда аз 72 000 нафар шаҳрвандони кишварамонро дар бар мегирад, мавҷуд мебошад.