Анонс

- Дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ нишасти хабарии Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 11:00;

- Дар Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 11:00;

- Дар дастгоҳи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти донишгоҳ дар соли 2013 нишасти хабарӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Дар Агентии хизмати давлатии назди президенти ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 нишасти хабарӣ баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7742 сомонӣ;

1 евро - 6.5043 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1447 сомонӣ.  

Як рӯзи таърих

1912 — Дар Санкт-Петербург Китобхонаи аввалини давлатии оммавӣ кушода шуд.

1939 — Дар Тоҷикистон нахустин пойгоҳи зилзиласанҷии «Душанбе» ба кор даромад.

1959 — Дар пойтахти Тоҷикистон Анҷумани ғайринавбатии XII-уми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

2004 — Дар Душанбе маросими расмии ифтитоҳи Маркази иттилоотӣ-захиравӣ барои муҳоҷирони корӣ баргузор гардид.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона +2+7, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -3+2.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, шабона дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9, дар доманакӯҳҳо шабона -8-13, рӯзона 0-5.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -9-14, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -20-25, рӯзона -9-14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -3-5, рӯзона +3+5.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +7+9. 

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1-3.