Дар Русия аз соли 2015 ҷорӣ гардидани меъёре пешбинӣ шудааст, ки мутобиқи он муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар зимни қабул ба кор ба тасдиқи тахассуси касбии худ уҳдадор мешаванд.
Муовини нахуствазири Русия Олга Голодетс ба хабаргузории ИНТЕРФАКС дар ин робита изҳор намудааст, ки талабот ба сатҳи тахассуси касбии муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар ба меъёри талаботи тахассуси корӣ ба шаҳрвандони Русия баробар хоҳад буд.
«Ин санадҳои зерқонунӣ мешаванд, ки барои ҳамаи кормандон, аз ҷумла ба муҳоҷирон низ дахл хоҳанд дошт. Агар мо меъёрҳои тахассуси касбиро тасдиқ кунем, онҳо ба ҳамаи касоне, ки дар бозори меҳнати Русия ба фаъолият машғуланд, ҳатмӣ хоҳанд буд», - гуфтаст О.Голодетс.
Ба қавли муовини нахуствазири Русия, ба муайян кардани сатҳи тахассуси касбии муҳоҷирон марказҳои мустақили аз ҷониби иттиҳодҳои касбӣ таъсисёфта машғул мешаванд.
Қаблан ӯ дар ин робита зикр намуда буд, ки зарурати ҷорӣ шудани ин меъёр дар он аст, ки аксаран сатҳи тахассуси касбии мухоҷирон ба мавқеъҳое, ки онҳо дар бозори меҳнати Русия ишғол мекунанд, ҷавобгӯ нест.
Дар Осиёи Марказӣ нисбат ба соли гузашта захираи об бештар шудааст
Размикори 5-уми тоҷик дар UFC: ӯ кист ва кай қарордод ба имзо мерасонад?
Шикояти 1200 муҳоҷири тоҷик оид ба нақзи ҳуқуқашон дар Русия ба сафорати Тоҷикистон
Дар баъзе кишварҳо дар робита ба ҳалокати президенти Эрон мотам эълон шуд
Чаро дар Тоҷикистон гӯшт ҳамеша қимат аст?
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста