Боз як ноҳияи вилояти Хатлон аз кумаки (дотатсия)-и буҷети ҷумҳурӣ даст кашид.
Бино ба гуфти раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев, шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»-и ноҳияи Ёвон, имкон пайдо шуд, ки ноҳия қисми хароҷоти буҷети худро аз ҳисоби маблағҳои худӣ пардохт бикунад. «Бо ба истифода додани ин корхона мо натанҳо хароҷоти буҷети худро бароварда мекунем, балки 9 млн. сомонии дигар ба буҷети вилоят низ ҳисса ҷудо мекунем», - илова кард раиси ноҳия.
Ба иттилои раиси ноҳия, буҷети соли 2014 аз 41 млн. сомонии соли 2013 то ба 67 млн. сомонӣ расида, соли 2013 ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 5 млн. сомонӣ кумакпулӣ мегирифт. «Хушбахтона, ноҳия тавонист ба ноҳияи худмаблағгузор табдил ёбад», - афзуд раиси ноҳия.
Бояд ёдовар шуд, ки шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Данғара дар вилояти Хатлон шаҳру навоҳие мебошанд, ки ба худмаблағгузорӣ гузашта буданд. Аз ин баъд ноҳияи Ёвон низ ба ин руйхат шомил шуд.
Аз “Лоиқхонӣ” то “Рӯзи шеъри тоҷик”. Дар Душанбе аз Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ ёд карданд
Тоҷикистону Қирғизистон амният дар марзро баррасӣ карданд
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур ва вазири умури хориҷаи Эрон муайян шуд
Русия дар Тоҷикистон истеҳсоли дорувориро ба роҳ монданист
Арзиши эстакада дар Душанбе қариб ба 28,5 млн евро баробар аст
Рустами Эмомалӣ дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ба ҳамтои эронии худ барқияи таслият ирсол кард
Абдунабӣ Сатторзода: Лоиқро ба ҳарду майдон даъват мекарданд, аммо ӯ ёри на “Шаҳидон” ва на “Озодӣ” буд
Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш изҳори ҳамдардӣ кард
Тайи 10 сол Чин ба иқтисоди Тоҷикистон 3,8 млрд доллар сармоягузорӣ кард
Хисороти боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста