Анонс
- Президенти ФИФА Йозеф Блаттер зимни иштирок дар ҷашнвораи футболи кӯдакон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ба «Соли футболи оммавӣ дар Тоҷикистон» ҳусни оғоз бахшида, соати 11-00 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси» аз натоиҷи сафари худ ба Тоҷикистон барои журналистон конфронси матбуотӣ барпо мекунад;
- Ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Берлин чорабинии идона баргузор мекунад, ки дар он ҳамватанон, доираҳои дипломатӣ ва ҳукуматӣ ва ҳамчунин намояндагони илму фарҳанг, донишҷӯёни тоҷик ва рӯзноманигорон ширкат меварзанд.
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА - 4.8004 сомонӣ;
1 евро - 6.6085 сомонӣ;
1 рубли русӣ - 0.1335 сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1941 — Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҷоизаҳои ба номи Сталин (баъдан ба Ҷоизаҳои давлатӣ табдил ёфтанд) таъсис дода шуданд.
1995 — Дар ҳафт кишвари Иттиҳоди Аврупо Созишномаҳои Шенген дар бораи бекор шудани назорати раводид дар марзҳо ҷорӣ шуд.
2000 — Владимир Владимирович Путин президенти Русия интихоб шуд.
2009 — Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари нахустини расмӣ ба Муғулистон рафт. Зимни ин сафар миёни кишварҳо панҷ санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
1865 — Зодрӯзи шоир Нақибхон Туғрал.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.
Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот.
Ҳарорат: шабона 0+2 рӯзона +6+11.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.
Аз сабти онлайни расона то 60% муҳтавои ватанӣ ва тарҷумаи имову ишора. Тарҳи қонуни нави ВАО чӣ дорад?
Боздошти нозири минтақавии ШВКД Қубодиён ба гумони порагирӣ
Ду рӯзи наздик дар Тоҷикистон борону жола меборад
Барои рушди бахши роҳи оҳани Тоҷикистон 7,5 млрд доллар маблағгузорӣ пешбинӣ шудааст
Чин ба сохтмони неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон 400 млн доллар маблағгузорӣ мекунад
Дар радабандии рақобатпазирӣ дар бахши сайёҳӣ нишондиҳандаҳои Тоҷикистон каме беҳтар шуданд
Раиси дастгоҳи Иброҳим Раисӣ ҷузъиёти суқути чархболро шарҳ дод
Тайи 1 шабонарӯз дар обҳои Тоҷикистон 2 нафар ғарқ шуданд
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Озарбойҷон рафт
Президенти Тоҷикистон дар маросими азои фавтидагони фоҷеа дар Эрон иштирок кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста