Дар вилояти Суғд расман 1,5 ҳазор нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, шумори бекороне, ки дар хадамоти шуғли Агентии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд, ба ахири моҳи январи соли ҷорӣ 11,5 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2013 ин нишондиҳанда ба андозаи 0,6% зиёдтар мебошад. Аз ин шумори бекорон занон - 45,6% (5,2 ҳазор нафар) ва мардони синнусоли то 29-сола – 66,7% (7,6 ҳазор нафар)-ро ташкил додаанд. 

Сабти бекории расман сабтшуда 1,4% аз аҳолии аз нигоҳи иқтисодӣ фаъолро ташкил додааст.