Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳамдастӣ бо Дафтари Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Маскав ба амалисозии барномаи муштарак оид ба расонидани кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони кории тоҷик оғоз намуданд.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар доираи ин лоиҳа мушовири Маркази иттилоотӣ-захиравии Дафтари СБМ, ҳамватани мо Турсуной Алимрадонова миёни шаҳрвандони тоҷик оид ба тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад.

«Қобили зикр аст, ки дар барномаи минтақавии СБМ дар Маскав, ки моҳи январ оғоз гардид, иштирокчиёни асосӣ Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон мебошанд. Барнома то моҳи марти сли 2015 идома ёфта, ҳадафи он пешниҳоди кумаки иттилоотиву ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони хориҷии муқими Русия аст», - иброз дошт Муҳаммад Эгамзод.

Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки давоми соли 2013 дар бахши муҳоҷирати Русия ҳудуди 30 қонун ва тағйироту илова ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд. «Аксари асноди нави қонунгузорӣ аз моҳи январи соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар чанде аз онҳо меъёрҳои қонунгузории Русия пурзӯртар шудааст ва дар ин робита, мо аз ин ташаббуси Дафтари СБМ истиқбол мекунем, зеро шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла ҳамватанони мо низ ба чунин кумаки саривақтӣ ва муҳим ниёз доранд», - афзуд Муҳаммад Эгамзод.