Ба муносибати таҷлили ҷашни солгарди навбатии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) мақомоти шаҳрдории Душанбе кумаки якдафъаина ҷудо мекунад.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз буҷети шаҳр 714 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
«Ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ, ҳамсарони ҷанговарони дар ҶБВ ҳалокгардида, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд ба ҳар кадоме ба андозаи 900 сомонӣ ва ба муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи ҶБВ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 650 сомонӣ кумакпулии якдафъаина расонида мешавад», - гуфт ӯ.
Ба қавли Шавкат Саидов, мувофиқи ин қарор, муовинони раиси пойтахт вазифадор карда шуданд, ки кӯмаки якдафъаинаро на дертар аз 7-уми май ба шахсони дар боло зикршуда дар манзили зисташон супоранд.
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Як додраси тоҷик ба гирифтани қариб 129 ҳазор сомонӣ пора муттаҳам дониста мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста