Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти садорати Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа қабл аз ҳама маротибаи дигар масъалаи ҳолати нигаҳдошту коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр ва ҷӯйборҳои атрофи роҳҳои автомобилгард ва ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо бо дарназардошти  идомаёбии мавсими боришот ва пешгирӣ аз оқибатҳои боронҳои сел мавриди таваҷҷуҳи хосаи шаҳрдорӣ қарор гирифт.

«Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии иқдомоти шаҳрдорӣ оид ба масъалаҳои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дастгирии соҳибкорони ватанӣ, таҷлили ҷашнҳои навбатии Рӯзи Ваҳдат, 23-солагии соҳибистиқлолии кишвар, 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонун)-и ҷумҳурӣ, раиси пойтахт шуъбаи тадорукоти дастгоҳи мақомоти шаҳрдориро вазифадор намуд, ки то 20-уми май рӯйхати номзадҳои имконпазир барои қабул ба кор дар мақомоти шаҳрдории пойтахт ва ҳукуматҳои ноҳияҳои пойтахтро омода созад», - иттилоъ медиҳад манбаъ.