Танҳо моҳи октябр дар корхонаҳои истихроҷи ангишти вилояти Сғд 66 ҳазору 530 тонна ангишт истихроҷ шуд.

Тавре аз ситоди омодагӣ ба мавсими зимистони ҳукумати вилоят хабар доданд, тайи 10 моҳи соли равон дар корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар дар маҷмӯъ 509,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 213,7 ҳазор тонна зиёдтар буда, суръати афзоиш нисбат ба соли гузашта 172,2%-ро ташкил дод.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар қаламрави вилоят 8 корхонаи истихроҷи ангишт фаъолият доранд, ки сетояшон дар ноҳияи Айнӣ, дутогӣ дар ноҳияҳои Панҷакенту Исфара ва як корхона дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгиранд.

Қобили зикр аст, ки корхонаи «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ ва ҶСК «Ангишт»-и ноҳияи Исфара аз ҷумлаи корхонаҳои бузургтарини истихроҷи ангишт дар қаламрави вилоят ба шумор мераванд ва дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ дар ин ду корхона дар маҷмъӯ 426 ҳазору 877 тонна ангишт истеҳсол шудааст.