Гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллоев чанде қабл ба шаҳри Маскав раҳсипор шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ин Вазорат хабар дод, ба ҳайти гурӯҳ намояндагони Хадамоти муҳоҷират, Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ шомиланд.

«Гурӯҳҳои кории ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия бо ҷалби коршиносон то 29-уми ноябр лоиҳаҳои нави созишномаҳои дуҷониба миёни кишварҳо дар бахши муҳоҷиратро баррасӣ мекунанд», - гуфт манбаъ.