Дар қаламрави вилояти Суғд 2826,4 километр роҳ таъмиру таҷдид шуд, ки 120,2%-и нақшаи барномаи «Соли 2014 - соли роҳҳои обод»-ро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар қаламрави вилоят 8130,5 километр роҳҳои мошингард мавҷуд буда, ҳолати техникии беш аз 6 ҳазор километр роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ набуд.

Гуфта мешавад, дар доираи ин барнома дар вилоят 2826,4 километр роҳҳо таъмир ва тармим шуданд, аз ҷумла 173,7 километр роҳ таъмири асосӣ, 1332,2 километр таъмири ҷорӣ ва 1320, 3 километр шағалпӯш шудааст. Дарозии роҳҳои пурра мумфаршуда нисбат ба соли 2013, 2,8 маротиба зиёд аст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 173,7 км роҳҳои аз таъмири асосӣ бароварда шуда, 42,7 км бо маблағузорӣ аз буҷети вилоят, аз ҷумла 13,5 км роҳи автомобилгарди Зафаробод-Уяс-Истаравшан пурра навсозӣ шуд. Барои таъмири роҳҳои боқимонда, маблағҳои зарурӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард ва соҳибкорон ҷудо шудаанд.