Дар дафтари кории консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз як нуқтаи иловагии додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон боз гардид, ки дар он кормандони аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ сафарбаршуда ин хизматгузориҳоро анҷом медиҳанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, бо мақсади шиносии шаҳрвандони Тоҷикистон бо тартиби барасмиятдарорӣ ва додани ин шиносномаҳо дар хонаи миллатҳои шаҳр вохӯрии дипломатҳои тоҷик бо роҳбарони диаспорахои тоҷикон ва шаҳрвандони тоҷики муқими ин ҳавзаи шаҳр баргузор шуд.

Дар вохӯрии мазкур сардори Раёсати хизматгузориҳои консулгарии Сарраёсати консулгарӣ Садбарг Ғаниева, роҳбари хадамоти консулгарии сафорати ҶТ дар Русия Ашраф Гулов, консули фахрии ҶТ дар Санкт-Петербург Назар Мирзода ва ҳамчунин намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ин шаҳр Қурбоналӣ Расулов иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар вохӯрӣ ба ҳозирин қонунҳои нави Русия дар бахши муҳоҷират, ки аз январи соли 2015 мавриди амал қарор мегиранд, шарҳу тавзеҳ дода шуданд.