Ахири ҳафтаи гузашта дар рӯзномаи миллии Миср “ал-Аҳром” мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Қоҳира Хусрав Нозирӣ бо муовини сармуҳаррир ва мудири бахши дипломатии рӯзномаи мазкур Ториқ ас-Сунутӣ чоп ва нашр гардид.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикисон дар Миср, дар мусоҳиба сафири Тоҷикистон дар посух ба пурсишҳои хабарнигор роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Миср дар соҳаҳои гуногун ба таври фишурда изҳори назар мекунад.

Матни электронии мусоҳибаи мазкурро метавон дар интернет аз тариқи пайванди зерин мутолиа кард: http://digital.ahram.org.eg/articles.aspx?Serial=1728484&eid=1398 .