Дар марказҳои савдои аз сӯхтор осебдидаи «Сино», «Тоҷир» ва «Баҳор»-и бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд  корҳои азнавбарқароркунӣ ва сохтмонӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд иттилоъ медиҳад, дар расми оғози корҳо раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Қаблан Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорон ва роҳбарияти марказҳои савдои номбурда мулоқот намуда, зикр намуд,ки дар асоси дастури президенти ҷумҳурӣ  Эмомалӣ  Раҳмон барои соҳибкорони зарардида чанд имтиёз ва шароити мусоид барои фаъолияти минбаъда фароҳам оварда мешавад.

Мувофиқи супориши Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ситоди махсус фаъолият дорад. Салоҳияти ситод аз бартараф намудани оқибати сӯхтор, баррасии имтиёз барои соҳибкорон, пурра барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва  дигар масалаҳои марбут ба ҳодисаи ба амаломада, иборат аст. Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ҳозиронро бо лоиҳаи сохтмонии марказҳои савдои зикргардида ошно намуда, таъкид дошт, ки иншооти минбаъда бо риояи тамоми талаботу меъёрҳои сохтмонӣ,зиддисӯхтор ва фаъолияти соҳибкорон дар тамоми фаслҳои сол сохта хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа дар маркази савдои «Баҳор» 50, дар марказҳои савдои «Тоҷир» ва «Сино» бошад 85 чунин нуқта фаъолият хоҳад кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти марказхои савдо супориш дод,ки то санаи муқарраргардида,- 1 феврали соли оянда корҳои сохтмониро ба анҷом расонда, соҳибкоронро бо ҷойҳои кории худ таъмин намоянд. Ҳамчунин давоми сол соҳибкорон аз пардохти маблағи иҷора озод карда шуда, муассисаҳои бонкӣ муваззаф гардидаанд,ки барои аз сӯхтор зарардидагон қарзҳои имтиёзнок  пешниҳод намоянд. Ҳамчунин тамоми корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби марказҳои савдо ба анҷом расонда хоҳад шуд. Соҳибкорон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки барои сари вақт бартараф намудани оқибатҳои сӯхтор ва дар корҳои азнавсозию сохтмонӣ иштирок хоҳанд кард.