Анонс

- Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи ислоҳоти низоми нафақа ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ таҷҳизот тақдим мекунад. Оғози маросим соати 15-00 дар бинои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (Душанбе, кӯчаи Бохтар, 71).

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0827 сомонӣ;

1 евро - 6.3149 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 030 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо БНМО (СПИД).

1926 – Нахустин Анҷумани умумитоҷикии коргару деҳқон ва вакилони аскар.

1957 – Корхонаи ҷуроббофӣ (феълан ҶС «Нафиса»)-и Душанбе ба истифода дода шуд.

1997 – Дар Хуҷанд маросими муаррифии корхонаи муштараки «Kabool Tajik Textiles»-и Тоҷикистону Корея оид ба истеҳсоли нахи пахта ва матоъи ҷинс баргузор шуд.

2002 – Миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд Созишномааи шарикӣ оид ба коҳиши мизони камбизоатӣ ба имзо расид.

2006 — Дар Душанбе намояндагии яке аз бонкҳои бузурги Қазоқистон – «Казкоммертсбонк» боз гардид.

2011 — Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул шуд.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Усмон Расулов.

1941 – Мавлуди доктори улуми биологӣ Кимёҷон Нимадҷонова.

1946 – Зодрӯзи оҳангсоз Қудратулло Яҳёев.

1951 – Мавлуди журналист Шоҳтолиб Шоҳқосимов.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, дар баландии беш аз 1200 метр барф), туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), туман. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.        

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -3+2.

  Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф), туман. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда боришот (борон, барф) дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +2+7.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +6+8.