Як ҳайъати иборат аз тарроҳони либос ва омӯзгорони тарроҳӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 1-уми декабр, боздиди якҳафтаинаи худро аз Сингапур оғоз кард.

Бино ба иттилоияи расмии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ, як гуруҳи мутахассисони тарроҳии либос аз ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рӯзҳои 1-6-уми декабр дар давраи омӯзишии “Мусоидат дар рушди маҳсулоти либоса” дар Сингапур иштирок мекунад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби МТБ амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.

Ҳадаф аз ин сафар тақвияти тавоноии ширкатҳо ва ниҳодҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар арсаи тарроҳӣ мебошад. Дар ҷараёни сафар давраи омӯзишӣ, фаъолиятҳои таҷрибавӣ, боздидҳо аз студияҳои тарроҳӣ ва фурӯшгоҳҳои маъруф бо мақсади омӯзиш ва огаҳии бештар аз тарроҳии маҳсулот, рушди маҳсулот, ва роҳандозии истеҳсоли либосворӣ дар назар дошта шудааст. Наргиза Абдумаҷидова, ёварии миллии барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, ки ҳайъатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ин сафар ба намояндагони саноати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, то талаботи бозорро беҳтар бифаҳманд ва барои рақобат дар бозору гуногунсозии содироти худ бештар омодагӣ бигиранд. Дар чаҳорчӯбаи ин сафар самтҳои калидии омӯзиш пажӯҳиши бозор ба воситаи торнамоҳо, таҳияи девораву баргаҳои тарроҳӣ, муайян кардани навъҳои матоъҳо, ва огаҳии бештар аз василаҳои ороишиву истифодаи онҳо дар тарроҳиро низ фаро мегирад”.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Пойгоҳи омӯзишии саноати нассоҷӣ ва мӯд Pte Ltd (TaF.tc) (Академияи касбҳои мӯд) баргузор мешавад. TaF.tc  бахши омӯзишии TaF.f (Федератсияи нассоҷӣ ва мӯд) мебошад. Ҳамчунин, он нахустин Пойгоҳи таҳсили мудавом ва омӯзишӣ (CET) дар соҳаи нассоҷиву мӯд дар Сингапур буда, ҳадафаш низ тақвиятгари пешсафи тавонмандсозӣ дар саноати мӯди саросарӣ дар минтақа будан мебошад.

Ҳайъат, ҳамчунин, аз студияҳои муваффақи тарроҳӣ, ба мисли Raoul ва Ghim Li Global низ боздид мекунад. Raoul брэнди маъруфи мӯд ва маҳсулоти пӯстӣ дар Сингапур буда, либосҳои ин ширкатро ситораҳое ба мисли Ребекка Ромейн, Ҷеннифер Лоуренс, Лиа Мишел, Келли Разерфорд, Пикси Лотт ва аъзои хонадонҳои шоҳӣ, ба мисли герсогбонуи Кембриҷ Кейт Мидлтон ба бар кардаанд. Ghim Li яке аз корхонаҳои бузургтарини содиротии либосворӣ дар Сингапур буда, дар Индонезия, Камбоҷа, Малайзия, Чин, ва Шри-Ланка корхона дорад ва 15000 кормандаш солона 65 миллион дона либосворӣ мебароранд, ки дар фурӯшгоҳҳои маъруфе, ба мисли Macy’s, Walmart, C&A, ва El Corte Ingles ба фурӯш бароварда мешавад.