Дар чорчӯбаи лоиҳаи "Таъминот барои дастгирии ислоҳоти низоми нафақа", Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҶТ таҷҳизоти компютерӣ тӯҳфа кард.

Дар иттилоияи расмии намояндагии ИА дар ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки маҷмӯаи таҷҳизот иборат аз ашёи зерин аст: 850 компютери сабук (ноутбук), 115 чопкунаки (принтери) лазерӣ, 3 сервер, 110 манбаъи таъмини доимии барқ (УПС), 4 кондитсионер, 78-то таҷҳизоти ВПН (VPN), васлакҳои шабака ва пайвандкунакҳо. 

Гуфта мешавад, маблағи умумии таҷҳизоти мазкур, ки аз тарафи ширкати "КАНКОМ он лайн ГмбХ" дастрас мегардад,  ба 894 000 евро (тақрибан, 6 млн. сомонӣ) баробар аст.

Зикр мегардад, ки таҷҳизоти компютерии зикршуда бояд ба таҷдиди идоракунии низоми нафақа дар Тоҷикистон мусоидат намояд. Акнун ҷиҳати ҳисоб кардани ҳаҷми нафақаи ҳар як нафар аз рўи пардохти маблағҳои суғуртавияш, мудирияти низоми нафақа системаи нави иттилоотиро дар даст дошта метавонад маълумотҳои заруриро ҷамъ, ҳифз ва коркард бикунад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи марбут "Кӯмаки техникӣ барои ислоҳоти низоми нафақа дар Тоҷикистон" бо маблағи умумияш 1,5 миллион евро ба ислоҳоти асоси меъёрӣ ва механизми идоракунии низоми нафақа равона карда шуда, то моҳи маи соли 2015 давом хоҳад дошт. Дар оянда ингуна кӯмакҳо дар чорчӯбаи барномаи дуюми серсоҳаи Иттиҳоди Аврупо "Дастгирии рушди инсонӣ" (ба маблағи 30,5 миллион евро барои солҳои 2014-2017) идома дода мешаванд.