Анонс

- Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск оид ба масъалаи ҳамкориҳо миёни мақомотиҳифзи ҳуқуқ ҷаласаи коршиносони кишварҳои узви ИДМ доир мегардад, ки дар он намояндагони давлатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  5.0855 сомонӣ;

1 евро - 6.3348 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0. 0987 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1997 – Дар Душанбе зимни амалиёти хадамоти махсус роҳбари гурӯҳи ҷиноятпеша Ризвон Садиров нобуд карда шуд.

2002 — Миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд дар бораи шарикӣ оид ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ созишнома ба имзо расид.

2010 — Дар байни Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи Ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) дар бораи ҳамлу нақли фаромарзии одамон, воситаҳои нақлиёт ва молҳо созишнома имзо шуд.

1908-1974 – Зодрӯзи нависанда, драматург ва тарҷумон, муаллифи песаву фелетон ва ҳикояҳои сершумор Самад Ғанӣ.

1918 – Мавлуди ҳунарманди театр Хайрӣ Усмонова.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳамдам Рафиев, солҳои тӯлонӣ директори Омӯзишгоҳи тиббии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

1948 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актрисаи театр Шарофат Рашидова.

1950 – Зодрӯзи Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдулҳафиз Азизов.

1964 – Мавлуди адабиётшинос Боймурод Шарифзода.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, дар баландии беш аз 1200 метр барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +2+7.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф).  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона +2+7.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.        

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -2-7, рӯзона +4+9;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -3+2.

  Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +3+8.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда боришот (борон, барф) дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +11+13.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот (борон, барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борон, барф).

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +4+6.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот дар назар аст.  

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +5+7.