Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар фоҷеаи ахир, ки дар Маккаи мукаррама ба вуқӯъ пайваста, боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, ҳоҷиёни Тоҷикистон осебе надидаанд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита дар ин робита, аввалин парвози ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан, ки маносики ҳаҷро ба охир расониданд, 28-29 -уми сентябр оғоз гардида, то 14-уми октябр идома меёбад.

Гуфта мешавад, ҳоҷиёне, ки аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара парвоз анҷом дода буданд, дар навбати аввал аз тариқи фурӯдгоҳи Ҷидда ба Ватан фиристода мешаванд. Аммо зоироне, ки ба самти Ҷидда парвоз анҷом дода буданд, аз 8 то 10 рӯзи дигар аз Мадинаи мунаввара боздид намуда, баъдан ба Ватан бармегарданд.

Тибқи маълумоти ахир, шумори ҳалокшудагон аз издиҳоми зоирин, ки якдигарро зери по карданд, ба 717 нафар ва осебдидагон ба 805 нафар расид. Дар ин бора хадамоти мудофиаи граждании Арабистони Саудӣ маълумот медиҳад.

Ин ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳраки Мино дар наздикии Макка дар талотуми ҳоҷиён, ки саъй мекарданд дар Ҷамарат ба шайтони рамзӣ санг зананд, ба вуқӯъ пайваста, аз издиҳоми зиёд онҳо зери пои ҳамдигар мондаанд.

Тибқи маълумоти хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба андешаи масъули ташкили маросими ҳаҷ дар Эрон Саид Оҳадӣ, хатогиҳо дар масъалаи таъмини бехатарӣ, ки ба он ҳукумати Арабистони Саудӣ роҳ додааст, ба ин ҳодиса боис шудаанд. Масалан, дар макони сангзанӣ ба шайтон бо сабабҳои номаълум яке аз гузаргоҳҳо баста будааст. Дар маросими сангзанӣ ба шайтон тақрибан 2 млн. зоирин ширкат варзида, он яке аз маросимҳои аслии ҳаҷҷи 5 рӯзаи зоирин ба шумор меравад.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки дар аввали маросими ҳаҷ низ як ҳодисаи дигари фоҷеабор рух дода буд. Рӯзи 11 сентябр крани сохтмонӣ ба рӯи Масҷиди Ҷомеъ афтода, бар асари он 107 нафар кушта, ва беш аз 230 нафари дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Ёдрас мекунем, ки соли равон 6,2 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар макони муқаддаси ислом раҳсипор гардиданд.