Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Варзоб аз иншооти Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» боздид ба амал овард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон бо шароити Мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиши Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ шинос шуд.
Дар мактаби мазкур 70 нафар кӯдакону наврасон ба таълими варзиши зимистона фаро гирифта шуда, аз имконияти васеъи машқу тамрин ва омӯзиши нозукиҳои варзиши зимистона ҳамаҷониба бархурдоранд. Бо мақсади рушду равнақ додани варзиши лижаронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш аз ҷониби соҳибкорон мактаби дуошёна бо 60 ҷойи нишаст бунёд шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ барои обод кардани ин гушаи диёр ва мусоидат ба рушди варзиши лижаронӣ изҳори сипос намуда, ба масъулини соҳа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мувофиқи ҷалби сайёҳони хориҷӣ дастуру супоришҳо дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити ин мавзеи варзишию сайёҳӣ, аз ҷумла аз меҳмонхонаи 4 ошёнаи барҳавою замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхонаю марказҳои савдо ва мавзеъҳои лижаронию барфгардӣ дидан карда, ба шароити муҳайёгардидаи ин маҷмаа баҳои баланд доданд.
Меҳмонхона бо мебели замонавӣ, хати интернет, оби гарм, системаи умумии гармидиҳии бо ангишт коркунанда ва лавозимоти дигар таъмин аст. Меҳмонхонаи маҷмааи варзишӣ аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафар мизоҷро қабул намояд.
Дар маҷмааи лижаронӣ инфрасохтори иловагӣ, аз қабили тарабхона, айвони кушодаи барбекю, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи фурӯши асбобу лавозимоти лижаронӣ, нуқтаҳои иҷораи лавозимоти лижаронӣ, барфгард ва ғайра сохта шуданд.
Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» бо ҷалби сармояи ватанӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, як қатор корҳои сохтмонӣ дар он ба итмом расонида шуданд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди лоиҳаи наву муосири муҷтамеи хизматрасонии Маҷмааи лижаронии “Сафед-Дара” - ро муаррифӣ карданд.
Тавре маълум гардид, дар ин ҷо шуруъ аз таваққуфгоҳ барои 200 мошин, бозору дуконҳои фуруши молу маҳсулоти гуногун, атраксионҳои кудакона, майдончаҳои варзишӣ барои бозиҳои футбол, баскетбол, волейбол, корти теннис, инчунин ду бинои боҳашамати иҷораи сару либоси варзишии хоси лижаронӣ, чойхонаи миллӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегардад.
Айни ҳол аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сафед-Дара дар доираи ҳамкорӣ бо ширкати Доппелмаери Австрия сохтмони роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ оғоз гардида, воридшавии техника ва технологияи зарурӣ идома дорад. Дарозии роҳи босуръати кабинавии арғамчинӣ 2 ҳазору 27 метрро ташкил дода, иқтидори ниҳоии он дар маҷмуъ дар ду самт дар як соат 5600 нафарро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки марҳиаи якуми корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи варзишию истироҳатии зимистона бо истифода аз тамоми имконот то моҳи декабри соли ҷорӣ бо сифати баланди ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расад.
Дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-Дара» ба нақша гирифтаанд, ки барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон дар фасли тобистон лагери тобистона низ ташкил намояд.
Дар маҷмаа мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи варзиши зимистона, мураббиёну роҳбаладон барои муаррифии мавзеъ ва дигар ҳайати хизматрасон, ки барои фароғати сайёҳону меҳмонон дар сатҳи олӣ хизмат мерасонанд, фаъолият доранд. Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ зиёда аз 200 ҷойҳои нави корӣ барои шаҳрвандон ташкил карда шуд.
Бояд гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғат, рушди соҳаи варзишу сайёҳӣ дар мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардида, имрӯзу ояндаи ин соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоӣ дорои аҳамияти бузург ва дурнамои дурахшон мебошанд. Натиҷаи ин талошу дастгириҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар як муддати кӯтоҳ мавзеи сайёҳию варзишии Сафед-Дара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишӣ табдил ёфт.
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
“Лағви комили раводид”. Сафири Тоҷикистон дар Эрон омили асосии рушди тиҷоратро гуфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста