Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят рӯзи 10 август таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Абдураҳмон Қодирӣ Иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, дар кори иҷлосия муовинони Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳии вилоят, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳраку ҷамоатҳо, кумитаи маҳаллаҳо ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.

Дар кори иҷлосия аз 69 нафар вакилон 65 нафар иштирок намуданд. Аз тарафи вакилони иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати панҷум масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сароғоз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ сухан ронда, аз ҳадаф ва мақсади Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 феврали соли 2016 «Дар бораи гузаронидани мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ» ҳарф зад.

Муовини Раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба рафти иҷрои мутазаккираи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маърўза намуда, зикр дошт, ки ҷиҳати амалӣ гаштани Амри мазкур қарори дахлдори Раиси вилоят аз 31 марти соли равон ба тасвиб расида, тибқи он комиссияи вилоятӣ таъсис ва ба ғолибони озмун 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Дар иҷлосия Бадриддин Шарофов – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Чоркўҳ», №10, Матлубахон Сатториён – вакил аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15, Неъматулло Раҳматуллозода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Зарафшон, №40, Комил Салимзода – вакил аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ», №57, Зариф Назирӣ – вакил аз ҳавзаи интихоботии Fозиён, №68 ба музокира баромада, доир ба таъмини иҷрои Амри зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони даври вилоятии озмуни шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ Диплом ва мукофотҳои пулиро тақдим кард.

Аз ҷумла, дар бахши оилаи беҳтарин оилаи Абдумаҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойи якум, Диплом ва 2 ҳазор сомонӣ, оилаи Мамлакат Нўъмонова аз шаҳри Панҷакент сазовори ҷойи якум, Диплом ва 1,5 ҳазор сомонӣ, оилаи Нўъмонҷон Файзуллоев аз шаҳри Хуҷанд, сазовори ҷойи дуюм, Диплом ва 1200 сомонӣ ва оилаи Мўҳсин Раҳимов сазовори ҷойи сеюм, Диплом ва 1000 сомонӣ гардиданд.

Дар бахши хонаи беҳтарин хонаҳои Н. Ғиёсов аз ҷамоати деҳоти Ортиқови шаҳри Конибодом, Ф. Холова аз ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи Деваштич ва хонаи С. Ҳасанова аз ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ мутаносибан ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол намуда, бо мукофотпулӣ ва Диплом қадр карда шуданд.

Маҳаллаҳои «Зардолузор» - и шаҳри Панҷакент (маҳаллаи беҳтарин, мукофот 3,5 ҳазор сомонӣ), «Зафар» - и шаҳри Истаравшан (ҷойи якум, мукофот 2,5 ҳазор сомонӣ), маҳаллаи №2 – и шаҳри Истиқлол (ҷойи дуюм, мукофот 1,5 ҳазор сомонӣ) ва «Ватан» - и шаҳри Бўстон (ҷойи сеюм, мукофот 1000 сомонӣ, деҳаҳои Диловарони шаҳри Конибодом (деҳаи беҳтарин, мукофот 2,5 ҳазор сомонӣ), Кулангири ноҳияи Бобоҷон Fафуров (ҷойи дуюм, мукофот 2 ҳазор сомонӣ), Шаҳристони ноҳияи Шаҳристон (ҷойи сеюм, мукофот 1000 сомонӣ) ғолибият ба даст оварда, бо мукофотпулӣ ва Диплом сарфароз гардонида шуданд.

Дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бошад, деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан (деҳоти беҳтарин, мукофот 5 ҳазор сомонӣ), Чоркўҳи шаҳри Исфара (ҷойи якум, мукофот 4 ҳазор сомонӣ), Яхтани ноҳияи Деваштич (ҷойи дуюм, мукофот 3 ҳазор сомонӣ), Иван – Тоҷики ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ (ҷойи сеюм, мукофот 2 ҳазор сомонӣ), шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов (шаҳраки беҳтарин, мукофот 5 ҳазор сомонӣ), Зафарободи ноҳияи Зафаробод (ҷойи якум, мукофот 4 ҳазор сомонӣ), Нови ноҳияи Спитамен (ҷойи дуюм, мукофот 3 ҳазор сомонӣ), Шайдони ноҳияи Ашт (ҷойи сеюм, мукофот 2 ҳазор сомонӣ) ғолиб гардиданд.

Ҳамзамон, дар озмуни вилоятӣ шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров (ноҳияи беҳтарин, мукофот 7500 сомонӣ), Мастчоҳ, (ҷойи якум, мукофот 6 ҳазор сомонӣ), Айнӣ (ҷойи дуюм, мукофот 4 ҳазор сомонӣ), Ҷаббор Расулов (ҷойи сеюм, мукофот 3 ҳазор сомонӣ), Хуҷанд (шаҳри беҳтарин, мукофот 7500 сомонӣ), Панҷакент (ҷойи якум, мукофот 6 ҳазор сомонӣ, Гулистон (ҷойи дуюм, мукофот 4 ҳазор сомонӣ) ва Исфара (ҷойи сеюм, мукофот 4 ҳазор сомонӣ) ғолиб дониста шуданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид дошт, ки амалӣ намудани Амри мазкур ва гузаронидани озмун ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, алалхусус маорифу тандурустӣ ва вусъати корҳои ободиву созандагӣ мусоидат намуд.

Дар иҷлосия муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба масъалаи номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ суханронӣ намуда, дар бораи иваз намудани шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов ба номи Меҳробод, маҳаллаи Қарақчиқуми ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом ба унвони Ҷаҳонзеб пешниҳод намуд. Вакилон нисбати масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамзамон, дар Иҷлосияи ғайринавбатии ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум як қатор қарорҳои Раиси вилоят тасдиқ гардиданд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фарҷом бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати корҳои созандагиву ободкорӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ ва коркарди босифати пахта, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, сифати корҳои таъмир дар мактабҳо, иҷрои саривақтии нақшаи андозҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят ва ғайраҳо ба масъулин, аз ҷумла ба раисони шаҳру навоҳии вилоят дастуру супоришҳои мушаххас дод.