Дар Олимпиадаи байнулмилалӣ аз фанни информатика дар шаҳри Қазони Русия толибилмони Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Хонандаи синфи 10-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Фарҳод Ҳакимиён ба гирифтанди медали нуқра ва хонандаи синфи 11-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» Нодир Даминов ба гирифтани медали биринҷии Олимпиада шарафёб гардиданд.

Дастаи Тоҷикистонро ҳамчунин хонандаи синфи 10-уми Литсей-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва П.В.» Фаррух Каримов ва хонандаи синфи 10-уми Литсей барои кӯдакони лаёқатманд Нозимҷон Сафаров низ намояндагӣ кардаанд, ки «бо имтиёзҳои гирифтаи худ ба дастоварди дастаи Тоҷикистон саҳми босазо гузоштанд».

Бо дарёфти 860 имтиёз Тоҷикистон қариб аз нисфи дастаҳои иштирокчии Олимпиада (88 даст) пеш гузашт. Ба гунаи мисол кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон - Қирғизистон - 686 имтиёз, Туркманистон - 337 имтиёз ва Ӯзбекистон - 276 имтиёз ба даст овардаанд.