Анонс

- Соати 18:00 гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров тариқи хатсайри ҳавоӣ аз Маскав ба Душанбе меояд;

- Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Амнияти сейсмикӣ дар Осиёи Марказӣ» ба кори худ идома медиҳад;

- Дар маркази таълимии Бонки миллӣ дар соҳили обанбори Қайроққум соати 10-30 дақиқа нишасти хабарии қабл аз вохӯриии дӯстонаи мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Сурия (27 август) доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  7.8688 сомонӣ;

1 евро – 8.8807 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 185 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи ангиштканон

1964 — Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.

1995 — Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.

2007 — Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.

2008 — Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.

2011 — Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.

2014 — Дар Бишкек ҷаласаи ҳайатҳои ҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар марзи давлатии кишварҳо доир гардида, ҷонибҳо дар бораи сохтмони роҳҳо ба мувофиқа расиданд.

1902-1982 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.

1933 – Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.

1937 – Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.

1949 – Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.

1963 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +19+24, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +10+15, рӯзона +27+32; дар шарқ шабона +1+6, рӯзона +14+19.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +27+32. 

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +36+38.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +37+39.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +30+32.