Дар номаи электроние ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 21 сентябр тавассути вебсайти раисиҷумҳурӣ фиристода шуд, Ҳилола Егорова дархост кардааст, ки ба ҳоли ӯ раҳм кунанд.
Дар ин нома, ки нусхааш ба унвонии Радиои Озодӣ ҳам расидааст, шаҳрванди 36-солаи Русия Ҳилола Егорова мегӯяд, баъди тасмими дирӯзаи додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав, ки қарор аст кӯдаки ба фарзандӣ гирифтаи ӯро ба Тоҷикистон баргардонад, охирин умедаш ба «раҳмати президент Эмомалӣ Раҳмон аст».
Ҳилола Егорова, зани ӯзбактабори шаҳрванди Русия менависад, ки аз «ноумедӣ ва ночорӣ ба президенти Тоҷикистон муроҷиат мекунад». Ӯ менависад, «баъди солҳои тӯлонии бефарзандӣ» бо ҳамсараш умеде пайдо карданд, ки ба як тифли ятим падар ва модар шаванд. «Барои мо миллат, син ва ҷинси кӯдак фарқ надошт, тифлеро, ки бори аввал дидем, ба фарзандӣ хондем». Ба гуфтаи ӯ, дар ниҳоят маълум шуд, ки хадамоти васоят ва парастории Долгопрудний «иштибоҳ кард, ки шаҳрванди Тоҷикистонро ба тарбияи оилаи русӣ дод».

Вай мегӯяд, ҳоло баъди қарори суд, тифли ҳафтмоҳаи онҳоро, ки шаш моҳи охир дар ин оила бузург шудааст, аз дасти онҳо мегиранд. «Ин кӯдак маънои зиндагии мо шудааст. Ман медонам, ки қонун вуҷуд дорад ва ин қонунҳоро поймол кардан мумкин нест. Вале ман аз шумо тавалло мекунам, ки иҷозат бидиҳед, писари мо дар оилаи мо бимонад», омадааст дар номаи Ҳилола Егорова ба унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Дар ниҳоят ин зан дар муроҷиат ба президенти Тоҷикистон мегӯяд: «Ман медонам, ки шумо ҳам як оилаи калоне доред, шумо як сиёсатмадори маъруфед, вале пеш аз ҳама шумо падари хуби нӯҳ фарзанд ҳастед. Иҷозат диҳед, ман ҳам бо ягона писарам бошам».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 сентябр додгоҳи ноҳияи Бутирскии шаҳри Маскав ҳукм кард, ки ҷараёни ба фарзандӣ хондани тифли ятими тоҷик бо нақзи муқаррароти байналмилалӣ сурат гирифтааст ва ин кӯдак бояд ба Тоҷикистон баргардонида шавад. Додгоҳ гуфтааст, ки кӯдаки ятим бояд ба ҳукумати Тоҷикистон баргардонида ва санадҳои баъди фарзандхонӣ таҳияшуда бекор карда шавад.



