Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳияи Шаҳринав дар як маводи интишоршудааш дар ҳафтавори «Тоҷикистон» пешниҳод кардааст, ки бо назардошти хизматҳои шоёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои кишвару мардуми он, расми ӯ дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.
«Президенти Тоҷикистон соли 1993 назхустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо нияту нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна, расидан ба ваҳдати миллӣ, инчунин таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор кард», - навиштааст муаллиф.
Зикр мегардад, ки «имрӯз Тоҷикистон дар ҳама созмонҳои минтақавӣ ва аксар созмонҳои байналмилалӣ узвият дошта, акнун ҳеҷ гуна тасмимгириҳои дастаҷамъиро дар минтақа бе ҳузури фаъоли Тоҷикистон наметавон тасаввур кард».
Дар мақола хотиррасон мешавад, ки «Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷикро аз парокандагӣ, гурезагӣ, гуруснагӣ ва аз ҳама муҳимаш, аз беватанӣ наҷот дод».
Директори филиали КВД «Тоҷиксуғурта» мутмаин аст, ки Тоҷикистон бояд хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро ба инобат гирифта, расми Пешвои миллат дар пули 1000 сомонӣ гузошта шавад.
«Дар ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвари азизамон ин иқдоми нек ҳадяе мешуд барои миллат, зеро ки сарвари одилу оқил як неъматест аз ҷониби Худованд барои халқ», - иброз доштааст муаллиф дар хотимаи мақолааш.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2010 дар Тоҷикистон пулҳои арзишашон 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда шуданд. Дар ҳамаи пулҳои Тоҷикистон расмҳои ходимони барҷастаи давлативу сиёсӣ, шоирону олимони маъруф, ки барои Тоҷикистон хизматҳои шоёну арзанда кардаанд, тасвир ёфтаанд.