Дар оромгоҳи Сари Осиёи шаҳри Душанбе имрӯз ҷасади собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия, собиқ муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ муовини аввали раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ба хок супурда шуд.

Дар маросими видоъ бо сиёсатмадор раиси Агентии зидиифасод Рустами Эмомалӣ, сардори Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода, мушовири президент оид ба робита бо ҷомеа Абдуҷаббори Азиз, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, вазири молия Абдусалом Қурбониён, пешвои коммунистони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ва дигарон ҳузур доштанд.

Ёдрас мекунем, ки Сафар Сафаров шаби дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ӯ чанд вақти ахир аз бемории қанд ранҷ мебурд.

1/13