Бозори «Шоҳмансур» (Зелёний)-и пойтахт чанд рӯз боз баста аст, лекин махсулоти заруриро аз қаламрави ҳамшафати бозор, ки онро аҳолии маҳаллӣ «бозори яклухтфурӯшӣ» меноманд ва ҳамчунин аз гузаргоҳи қафои бозор миёни кӯчаҳои Деҳлавӣ (муқобили шуъбаи БДА-и шаҳр) ва Нисор Муҳаммад (муқобили бинои Вазорати маориф) метавон харидорӣ намуд.
Сокинони ноҳияи Шоҳмансур ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки қисмати асосии бозор, ки дар он мағозаҳои начандон бузург ва фурӯшгоҳҳои болояшон пӯшида ҷойгиранд, то ҳол баста аст.
«Савдогарон мегӯянд, сабаби асосии баста шудани бозор бинобар «эродҳои» хадамоти оташнишонӣ, «маҷбурӣ кӯчонидани» соҳибкорон ба маҷмааи савдои «Пойтахт-90» аст. Бо бастани бозорҳо дар тиҷорат рақобати носолим ба вуҷуд оварда мешавад», - мегӯяд сокини пойтахт Сайфулло.
Дар ҳамин ҳол, ба қавли сокинони мавзеи фурудгоҳ, давоми ду рӯзи баста шудани бозори «Шоҳмансур» савдогарони бозори «Авиатор» нархҳо ба навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти ғизойиро боло бурдаанд.
Сардори Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Душанбе Илҳом Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки санаи 25 октябр дар бораи қатъи фаъолияти бозор ба як муҳлати муайян, яъне «то бартараф кардани камбудиҳо дар риояи қоидаҳои зидди сӯхтор» қарор содир шудааст.
Ӯ қайд кард, ки ин амал тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба санҷиши иншооти пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон анҷом дода шуд.
«Муҳлати мушаххас муқаррар нашудааст. Вақте маъмурияти бозор ҳамаи камбудиҳоро пурра бартараф кунад, хадамоти оташнишонӣ низ қарори дахлдор содир мекунад», - илова кард номбурда.