Бо фарорасии мавсими сармо дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, бахусус, минтақаҳои кӯҳӣ мардум бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷорисозии маҳдудияти таъмини нерӯи барқ дар бештари манотиқи кишвар зиндагӣ дар фасли зимистонро мушкилтар мекунад.

Деҳаи Хоҷа Оби Гарм ҳам яке аз мавзеъҳои кӯҳӣ мебошад, ки аз сатҳи баҳр дар баландии қариб 2000 метр ҷойгир аст. Маълуман, дар чунин мавзеъҳо зимистон сербарфу тӯлонӣ мешавад. Аммо бошандагони ин деҳа мегӯянд, ки сардиҳои зимистонро чандон эҳсос намекунанд, зеро бо нерӯи барқ ба таври доимӣ таъминанд.

1/11

Бобои Тоҷиддин, сокини деҳаи Хоҷа Оби Гарм мегӯяд, шароити онҳо дар фасли сармо ҳатто аз мардуми шаҳрнишин ҳам хубтар аст: «Зимистонро ҳамин қадар нағз мегузаронем, ки аз Душанбе нағзтар. Ин ҷо барфи зиёд меборад, вале роҳҳо ҳамеша кушодаанд ва мошинҳо рафтаю омадан мегиранд. Осоишгоҳ фаъол бошанд, мо ҳам зинда».

Мавҷудияти осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм сабаби асосии таъмини аҳолии деҳа бо рӯшноӣ мебошад. Як қисмати сокинон, ки дар наздикии он зиндагӣ мекунанд, ба оби гарм низ дастрасӣ доранд.

Харитаи таъмини гармию нерӯи барқ дар Хоҷа Оби Гарм бо истифода аз Google Map таҳия шудааст

Аҳолие, ки дар фосилаи дуртар аз осоишгоҳ умр ба сар мебаранд, танҳо бо нерӯи барқ таъминанд. Ба гуфтаи онҳо, барои гарм нигоҳ доштани манзилҳои зисташон нерӯи барқ кофӣ нест, бинобар ин, аз маводи сӯхт низ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи масъулини ҷамоати деҳоти Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб, ҳамасола дар фасли зимистон мардуми таҳҷоӣ маводи сӯхт, аз ҷумла, ангишту ҳезум ва сӯзишвории биологӣ захира мекунанд.

Ягона душвории сокинони деҳаи Хоҷа Оби Гарм дар фасли зимистон набудани бунгоҳи тиббӣ аст. Чун дар ин ҳолат онҳо маҷбуранд ба маркази ноҳия раванд, вале дурии роҳ ва боришоти зиёди барф ин мушкилиро дучанд мекунад.

Ҳарчанд дар деҳа камбудӣ дар самти вазъи хизматрасонии тиббӣ ва дур будани мактаб аз манзили баъзе сокинон вуҷуд дошта бошад ҳам, аксари бошандагони ин мавзеъ хушҳол аз онанд, ки дар мавсими сармо бо нерӯи барқ ва оби гарм таъминанд.