Яке аз бозорҳои бузурги пойтахти кишвар «Саховат» баста шуд. Сабабаш риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор унвон мешавад. Савдогарони назди дарвозаи бозор имрӯз ҷамъомада боз кардани онро талаб мекунанд.
Яке аз роҳбарони бозор, ки худро муовини директори бозори «Саховат» муаарифӣ карда, аз ифшои ному насабаш худдорӣ варзид, ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки фаъолияти бозор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши хадамоти оташнишонӣ, ки мутобиқат надоштани фурӯшгоҳҳо ба меъёрҳои зиддисӯхторро ошкор сохтаанд, боздошта шудааст.
«Бозор ба як муҳлати номуайян баста мешавад. Имрӯз бояд комиссия ба кор шурӯъ кунад, ки анҷоми корҳои зарурӣ баҳри бартараф кардани камбдиҳоро муайян месозад», - иброз дошт номбурда.
Бозори «Саховат» дар қисмати ҷанубии пойтахт ҷойгир шуда, яке аз бозорҳои бузургтарини маҳсулоти хӯроквории шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар ин бозор асосан маҳсулоти кишоварзии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон ба фурӯш гузошта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2010 дар ин бозор сӯхтор ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 18 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтанд.
Қобили зикр аст, ки ҳафтаи гузашта оташнишонон кори бозори «Шоҳмансур»-и пойтахтро низ мутаваққиф сохтанд. Ин ҷо низ риоя нашудани қоидаҳои бехатарии зиддисӯхтор рииоя нашуда буданд, аммо баъди се рӯз бозооро боз карданд.